«Пари Сен-Жермен» ҳамлагари «Атлетико» Антуан Гризманнро ба Париж даъват карданист. Агар парижиҳо дар равзанаи интиқоли тобистона ҳамлагар Килиан Мбапперо фурӯшанд, пас Антуан Гризманн метавонад ӯро иваз кунад. Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки сармураббии “Атлетико” Диего Симеоне аз Гризманн ҷудо шудан намехоҳад, худи бозингар низ мехоҳад дар бошгоҳи шаҳри адрид бимонад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Мбаппе ба ПСЖ номаи расмӣ фиристода, дар он гуфта буд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ шартномаи парижиҳоро то соли 2025 тамдид намекунад. Қайд карда шуд, ки форвард метавонад дар равзанаи интиқоли тобистона дастаро тарк кунад.
