LIVE

«Хуҷанд» сабаби рафтани Нӯъмон Ҳасановро оилавӣ эълон кард

Нӯъмон Ҳасанов – бо сабабҳои оилавӣ аз вазифаи сармураббии «Хуҷанд» рафт. Мутахассиси ӯзбек Нӯъмон Ҳасанов бо сабабҳои оилавӣ маҷбур шуд, ки вазифаи сармураббии «Хуҷанд»-ро тарк карда, ба як муддати номуайян таваққуф кунад.

Иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Фаррух Марофиев мебошад, ки бинобар дар қароргоҳи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U17) дар Ҷоми Осиё буданаш, Шариф Зиёев дастаро ба ду бозии боқимондаи мусобиқаи қаҳрамонии Осиё омода мекунад.
Клуби футболи «Хуҷанд» ба Нӯъмон Нурматович барои кораш ташаккур гуфта, дар оянда барору комёбиҳо таманно дорад. Ёдовар мешавем, ки Нӯъмон Ҳасанов пас аз истеъфои Рустам Хоҷаев ба курсии сармураббии даста нишатст ва "Хуҷанд" зери роҳбарии ӯ дар шаш бозӣ як ғалаба ба даст овард. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив