LIVE

Нӯъмон Ҳасанов сармураббии нави дастаи «Хуҷанд» гардид

 Мутахассиси ӯзбек   Нӯъмон  Ҳасанов ва бошгоҳи футболи «Хуҷанд» дар мавриди шартнома ба мувофиқа расиданд. Нӯъмон Нурматович ваколатҳои сармураббии “Хуҷанд”-ро имрӯз дар як нишасти хабарӣ  ба ӯҳда гирифт.
     Нӯъмон Ҳасанов футболбози маъруфи ӯзбек  дар гузашта буда, дар ҳайати тими милли Ӯзбекистон бо дастбанди капитанӣ бозӣ кардааст.
     Ҳамчун футболбоз дар дастаҳои «Пахтакор», «Рубин» (Қазон), «Локомотив» (Тошкент), «Қӯқанд-1912», «Насаф» ва ғайра бозӣ карда, борҳо ба гирифтани ҷоизаҳо шарафёб гардидааст.
     Соли 2009 ӯ фаъолияти бозигарии худро анҷом дод. Аз соли 2012 фаъолияти мураббигии худро дар тими  «Пахтакор»-и Тошканд оғоз намуда, дар ибтидо мураббии дастаи ҷавононро ба ӯҳда дошт ва сипас,  соли 2015 ҳайати асосиро қабул карда, ба унвони қаҳрамонӣ расонид.  Соли 2016 ба ҳайси сармураббии бошгоҳи “Қӯқанд-1912” муаррифӣ шуда, соли 2019 дар ин тим  корашро ба анҷом расонид. Дар мавсимҳои 2020 ва 2021 ӯ дар дастаи «Навбаҳор»-и Намангон ба ҳайси сармураббӣ кор кардааст. Масими гузашта, сармураббии дастаи “Истаравшан” низ буд.
     Ёдовар мешавем, ки пас аз мусовӣ бо “Файзканд” (2:2)  дар даври шашуми Лигаи Олӣ сармураббии дастаи “Хуҷанд” – Рустам Хоҷаев аз мақомаш истеъфо дода буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив