LIVE

"Эсхата" сармураббии навашро эълон кард

Мутахассиси рус Игор Суров сармурабии нави дастаи “Эсхата”-и шаҳри Хуҷанд интихоб гардид.  Дар ин вазифа Суров Ҳамид Каримовро иваз кард.
Игор Александрович Суров 36 сол дошта, шаҳрванди Русия мебошад. Ӯ қаблан футболбоз буд. Дар хати дифоъ зери шумораи 23 дар ҳайати дастаҳо  бозӣ мекард. Ёдовар мешавем ,ки Суров соли 2017 дар ҳайати КМВА-и шаҳри Душанбе бозӣ кардааст.  Дар тими шаҳри Душанбе як мавсим ҳунарнамоӣ  карда, ба дастаи “ГНС Спартак” гузариш карда буд. Соли 2019 ба фаъолияти мураббигӣ оғоз карда, давоми як мавсим дастаи “Сумида”-и шаҳри Улан - Батторро роҳбарӣ  кардааст.  Аз аввали соли 2022 то ба имрӯз  сармураббии бошгоҳи “МФК Алфа”-и шаҳри Краснодарро ба уҳда дошт. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив