LIVE

«Нефтчӣ» сармураббии нави худро эълон кард

Ба дастаи «Нефтчӣ» сармураббии нав ва директори генералӣ таъининтихоб шуд. 
Виталий Левченко, ки ба ҳайси сармураббии «Истиқлол»-и Душанбе кор мекард, сармураббии тими «Нефтчӣ» таъин шуд. Левченко дар вазифаи нав Илҳом Мӯъминҷоновро иваз кард. 
Виталий Левченко дирӯз дар зимни ташкили як ҷаласа бо иштироки раиси вилоят, раиси Федератсияи футболи вилоят, раиси шаҳри Фарғона, ҳамчун сармураббии нави дастаи «Нефтчӣ» эълон карда шуд. Виталий Левченкои 50-сола дастпарвари футболи тоҷик аст, аммо фаъолияти асосии футболии ӯ дар дастаҳои (Динамо К, ССКА, Таврия)-и Украина ва (Волгар, Динамо, Спартак (Кострома)-и Русия, инчунин "Урал” гузаштааст. Вай инчунин як мавсим шарафи бошгоҳи «Чанчун»-и Чинро ҳимоя кардааст. Ӯ дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар 9 бозӣ ширкат варзидааст.
Аз соли 2005 ба мураббигӣ машғул аст. Дастаҳои «Княя», «Арсенал», «Десна», «Эднист»-и Украина ва тими миллии ҷавонони Украинаро сарварӣ кардааст. Ӯ ба ҳайси мураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонон кор кардааст. Сармураббии дастаҳои «Барқчӣ» ва «Хуҷанд»-и Тоҷикистон ва мураббии тими «Криля Советов»-и Русия буд. Аз соли 2020 инҷониб дастаи «Истиқлол»-и Душанберо раҳбарӣ мекунад. Соли 2021 дар мавсими нахустинаш дар Лигаи қаҳрамонҳои АФК дар марҳилаи гурӯҳӣ мақоми аввалро ишғол кард ва дастаашро ба даври 1/8 финал бурд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив