LIVE

ПСЖ дар талоши ба даст овардани капитани «Арсенала» аст

Капитани дастаи "Арсенал" - Мартин Одегор фаъолияташро дар чемпионат Фаронса идома хоҳад дод. Ба иттилои Daily Mail, футболбози 24-солаи норвегиро тими ПСЖ ба сафи худ ҷалб карданист.

Эдегор солҳои 2015-2021 дар ҳайати "Реал Мадрид" буд. Мартин соли 2021 ба "Арсенал" гузашт. Ин футболбоз дар мавсими анҷомёфтаи Премйер-Лигаи Англия ва дигар мусобиқаҳо 45 бозӣ анҷом дода, ба задани 15 гол ва 8 партофти головар даст ёфтааст.

Портали Transfermarkt арзиши ин бозигарро 80 миллион евро арзёбӣ мекунад. Дар охири мавсим "Арсенал" дар ҷои дуюм қарор гирифт ва шонси хуби қаҳрамон шуданро аз даст дод.

Пас аз 37 давр ПСЖ 85 хол ба даст оварда, чемпиони Фаронса шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив