LIVE

«Арсенал» бо Раҳим Стерлинг шартнома мебандад

"Арсенал" нақшаи ҷалби ҳамлагари "Манчестер Сити" Раҳим Стерлингро таҳрезӣ мекунад. 
Ба иттилои манбаъ, қарордоди ин футболбози 27-солаи инглисӣ бо «Шаҳариҳо» то охири мавсими оянда баста шудааст ва дар бораи тамдиди ҳамкорӣ ҷонибҳо хомушанд.  «Манчестер Сити» тайёр аст, ки тобистон Стерлингро фурӯшад, то ӯ баъди як сол ройгон дастаро тарк накунад. "Арсенал" мехоҳад хати ҳамлаи худро инкишоф диҳад ва Раҳимро дар ин самт барои пешрафт ва устувории ҳамлаи худ мувофиқ медонад. 
Стерлинги 27-сола соли 2015 аз “Леверпул” ба "Манчестер Сити" рафт.  Вай дар ин мавсим дар тамоми мусобиқаҳо 41 бозӣ анҷом дода, ба задани 14 гол ва 7 партофти головар даст ёфтааст. Нархи Стерлингро портали интернетии Transfermarkt 85 миллион евро арзёбӣ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив