LIVE

Скалони: "Тӯби тиллоӣ"-ро ба Месси медиҳам

Сармураббии мунтахаби Аргентина Лионел Скалони гуфт, ки "Тӯби тиллоӣ"-ро ба ҳамлагари "Пари Сен-Жермен" Лионел Месси хоҳад дод.

«Бешубҳа, ман «Тӯби тиллоӣ»-ро ба Месси медиҳам. Биёед бубинем, ки кӣ дар ниҳоят онро ба даст меорад, Ҳолланд низ дар сатҳи бениҳоят хуб бозӣ дорад" гуфтааст Скалони.

Месси ҳафт карат барандаи «Тӯби тиллоӣ» аст.

Месси аз соли 2021 дар ҳайати ПСЖ бозӣ мекунад. 

Соли 2022 Месси дар ҳайати тими миллии Аргентина дар бозии ҳалкунандаи ин мусобиқа бар тими Фаронса пирӯз шуда, барандаи Ҷоми ҷаҳон шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив