LIVE

"Равшан" барандаи Суперчоми Тоҷикистон дар соли 2023 гардид

Имрӯз,  6-уми май дастаҳои “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ва “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб барои ба даст овардани Суперҷоми Тоҷикистон -2023 ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор  дар ҳузури 9 200 нафар мухлис доир шуда, бо ҳисоби 1 бар 0 ба нафъи дастаи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб анҷом ёфт.
Ягона голи вохӯриро дар дақиқаи 7-уми бозӣ Амирҷон Сафаров бо маҳорати олӣ берун аз ҷаримагоҳ вориди дарвозаи Рустам Ятимов намуд.
Беҳтарин бозигари вохӯрӣ   дарвозабони дастаи “Равшан”- Евгений Гритсенко эътироф гардид. Маҳз ҳунару маҳорати волои ин дарвозабон буд, ки дастаи “Равшан” дар ин вохӯрӣ музаффарият ба даст овард.  
Ёдовар мешавем, ки давоми ҳамин ҳафта дастпарварони Тоҳир Муъминов ду маротиба муқобили “Истиқлол” пирӯзӣ ба даст оварданд.  Ҳамчунин, даста пас аз соли 2013 дигарбора соҳиби Суперҷоми Тоҷикистон гардид. Ин маротибаи дуюм аст, ки бошгоҳи шаҳри Кӯлоб соҳиби ин ҷоиза мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив