LIVE

“Регар-ТадАЗ” дар бозӣ бо “Куктош” мағлуб шуд

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода имрӯз дар доираи бозиҳои даври 8-уми Чемпионати Тоҷикистон бо тими “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ андари майдони рақобат шуд.
Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Талко-Арена”-и шаҳри Турсунзода дар ҳузури 1 000 тамошобин доир гашта, бо ҳисоби 1 бар 2 ба суди меҳмонон анҷом ёфт.
Голҳоро дар ин вохӯрӣ аз ҳайати “Регар-ТадАЗ” – Абдухалил Боронов ва аз ҳайати “Куктош” – Сундая Лонжи Сонг ва Муҳиддин Одилов ба самар расониданд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи “Регар-ТадАЗ” дар даври гузашта, ба таври ҳангомавӣ аз тими “Файзканд” бо ҳисоби бузурги 5 бар 1 мувоҷеҳи шикаст шуда буд. “Куктош” бошад, муқобили “Хуҷанд” дар даври гузашта мусовӣ 1 бар 1 бозӣ карда буд.
Дастпарварони Аҳлиддин Турдиев 2-юми пирӯзиашонро дар мавсими имсолаи Лигаи Олӣ ба даст оварданд. Онҳо қаблан муқобили “Хатлон” бо ҳисоби 4 бар 1 зафар ёфта буданд.
Дар даври ояндаи мусобиқот “Регар-ТадАЗ” рӯзи 13-уми май дар сафар бо КМВА ва “Куктош” дар мизбонӣ бо “Эсхата” бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив