LIVE

Натиҷаи се бозии даври шашуми Чемпионати кишвар

Дастаи «Куктош» таҳти роҳбарии сармураббии нав Аҳлиддин Турдиев дар чемпионати Тоҷикистон аввалин пирӯзиашро ба даст овард. Ин бошгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ дар сафар дастаи «Хатлон»-и Бохтарро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод.

Дар бозии дигари давр «Эсхата»-и Хуҷанд ва «Равшан»-и Кӯлоб рақобаташонро мусовӣ – 1:1 карданд. «Эсхата» ба голи ҳамлагари «Равшан» Ҷозеф Акомади бо зарбаи дақиқи легионери ӯзбекистонӣ Санҷар Рихсибоев посух дод.

«Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар бозии даври шашуми чемпионати Тоҷикистон дар майдони худ бар «Ҳосилот»-и Фархор (2:0) ғалаба кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив