LIVE

Дуюмин ғалабаи "Эсхата" дар оғози чемпионати Тоҷикистон

 Дастаи футболи "Эсхата" аз рӯи натоиҷи ду бозӣ дар оғози чемпионати Тоҷикистон-2023  шаш холро ба даст овард. Дар даври дуюм «Эсхата» дар Ҳисор бар «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Ёдовар мешавем, ки ин дастаи шаҳри Хуҷанд дар даври аввали мусобиқа бар тими КМВА ғалаба карда буд. 

Дар бозии дигар дастаи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор дар меҳмонӣ бар тими «Куктош» бо ҳисоби 3:0 ғалаба ба даст овард. Ин дуюмин шикасти тими ноҳияи Рӯдакӣ дар оғози мавсим ба ҳисоб меравад. Даста дар даври аввал аз "Равшан"-и Кӯлоб мағлуб шуда буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив