LIVE

“Эсхата” нагузошт то “Равшан” қаҳрамон шавад

Дастаҳои футболи “Эсхата” ва “Равшан”-и Кӯлоб бозии мавқуфмондаи даври 16-уми Лигаи якуми мамлакатро баргузор намуданд. Вохӯрӣ дар шаҳри Хуҷанд доир шуда, бо 3 голи беҷавоби соҳибони майдон хотима ёфт. Баъд аз ин ғалаба “Эсхата” дар ҷадвали умумии мусобиқа зинаи дуюмро ишғол намуда, ба Лига олӣ баромад. Ин ду тими футбол аз оғози мавсим барои ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ талош доранд ва тақдири нишонҳои тилло низ дар ду даври боқимондаи мусобиқа ҳал мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив