LIVE

"Реал" пеш аз дидор бо "Ман. Сити" беҳтарин бозигарашро аз даст дод

Ниммуҳофизатгари Хорватии дастаи "Реал Мадрид" - Лука Модрич осеб бардоштааст ва гуфта мешавад, ки ӯ шояд дар бозии аввали даври нимниҳоии Лигаи Чемпионҳо бо "Ман. Сити" бозӣ намекунад.

Бар асари ин мушкилот, хорватӣ натавонист бозии даври 31-уми Ла Лигаро бо «Жирона» (2:4) ба анҷом расонад. Пас аз муоинаи пизишкон маълум шудааст, ки Лука осеби устухон дорад.

Модрич дар ду бозии навбатии чемпионати Испания бо «Алмерия» ва «Сосйедад» иштирок намекунад. Бо вуҷуди ин, эҳтимол дорад, ки футболбози 37-сола дар даври ниҳоии Ҷоми Испания бо “Осасуна” (6 май) ва дар даври ниманиҳоии Лигаи Чемпионҳо бо “Манчестер Сити” ба дастааш кӯмак накунад.


Модрич дар мавсими ҷорӣ дар ҳайати “Реал Мадрид” дар тамоми мусобиқот 44 бозӣ карда, 6 гол ва 6 ассист кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив