LIVE

Лука Модрич дар бозӣ бо "Лейптсиг" ширкат намекунад

Нимҳимоятгари хорватии бошгоҳи футболи “Реал Мадрид” Лука Модрич аз дархости даста барои бозии даври 5-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳо бо “РБ Лейптсиг” бароварда шуд, хабар медиҳад сомонаи расмии бошгоҳи Мадрид.

Гуфта мешавад, ки дар аввал хорватӣ дар ҳайати даста буд ва мебоист бо ин даста ба Олмон парвоз мекард, аммо дар охирин лаҳза ӯро аз дархост хориҷ карданд. Сабабҳои ин тасмим ифшо нашудааст.

Модрич дар ин мавсим дар Лигаи Чемпионҳо се бозӣ анҷом дода, як гол задааст.

Бозӣ бо «РБ Лейптсиг»  25 октябр баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив