LIVE

Чиро Иммобиле ба садамаи вазнин дучор шудааст

 Ҳамлагари тими «Латсио» Чиро Иммобиле дар Рим ба садамаи вазнин дучор шудааст.  Гуфта мешавад, ки мошини ӯ ба трамвай бархӯрдааст. Ҳангоми ҳодиса ба ҷуз аз футболбоз фарзандонаш низ дар дохили мошин будаанд.   

Ба гузориши расонаҳои итолиёӣ, Иммобиле ва фарзандаш ба бемористон мунтақил шудаанд.   Ҳоло эҳтимол аст, ки як муддат мо ҳамлагарро дар ҳайати дастаи "Латсио" набинем, чунки китфи ӯ шикастааст ва баъзе захмҳояш ҷиддӣ мебошанд.
    
 Ёдовар мешавем, ки дар мавсими имсолаи Серияи А – Иммобиле дар 23 бозӣ ба майдон баромада, ба задани  10 гол ва 3 ирсоли головар ноид гардидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив