Ҳамлагари "Латсио" - Чиро Иммобиле бо ин бошгоҳ барои панҷ сол шартномаи нав имзо кард, хабар медиҳад сомонаи расмии бошгоҳи шаҳри Рим. Тавре расонаҳо хабар медиҳанд, маоши ҳамлагари итолиёвӣ дар як мавсим бо иловаи мукофотпулӣ тақрибан 4 миллион евро хоҳад буд. То ба аноҷми муҳлати шартнома Чиро Иммобиле 35-сола мешавад.
Футболбози итолиёвӣ дар “Латсио” аз соли 2016 бозӣ мекунад. Дар мавсими гузаштаи Серия А дастаи ӯ ҷой чорумро гирифт Чиро Иммобиле дар мавсими 2019/2020 бо 35 гол беҳтарин нишонзани Лигаҳои футболи Аврупо шуд ва пояфзоли тиллоро ба даст овард.
