LIVE

"Реал" дар Эл-Класико ним аср боз чунин дастовард надошт

"Реал Мадрид" дар бозии ҷавобии даври 1/2 финал бар "Барселона" бо ҳисоби 4:0 ғалаба карда, ба финали Ҷоми Испания баромад. Бо тафовути камаш чор тӯб, бошгоҳи Шоҳона аз соли 1995 дар Эл-Класико ва ҳатто аз соли 1963 дар сафар, пирӯз нашуда буд.

Ҳамин тариқ, бошгоҳи Мадрид бузургтарин ғалабаро бар "Барса" дар асри 21 ба қайд гирифт. Муваффақияти бузурги "Реал Мадрид"-ро голҳои Винисиус Жуниор ва Карим Бензема таъмин карданд, ки дар ниҳоят хет-трик ба даст овард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив