LIVE

МУНТАХАБИ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН (U-17) БА АРАБИСТОНИ САУДӢ САФАР КАРД

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов имрӯз, 15-уми март барои тамринҳои дастаҷамъии дуҳафтаина тариқи транзит тавассути Дубай ба шаҳри Даммам сафар кард.
Барои ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки то 30-юми март идома мекунад, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Раҳматулло Фузайлов 27 бозигар – 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 13 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар даъват кардааст. Дар Арабистони Саудӣ наврасони мо чаҳор бозии санҷишӣ анҷом медиҳанд.
Бояд гуфт, ки ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Даммам як марҳилаи омодагии мунтахаби Тоҷикистон (U-17) ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мебошад, ки аз 15 июн то 2 июл дар Таиланд баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив