LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон (U-17) дар А. Саудӣ ҷамъомади таълимӣ мегузаронад

Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 15-уми июн то 2-юми июл дар Тайланд баргузор мешавад, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Арабистони Саудӣ ҷамъомади дуҳафтаинаи таълимӣ мегузаронад.

Барои ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки аз 15 то 30-юми март дар Даммам доир мешавад, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Раҳматулло Фузайлов 27 бозигар – 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 13 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар даъват кардааст. Дар Арабистони Саудӣ наврасони мо чаҳор бозии санҷишӣ анҷом медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки рақибони мунтахаби Тоҷикистон (U-17) дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 рӯзи 30 март зимни қуръакашӣ, ки дар Бангкок баргузор мешавад, маълум хоҳанд шуд.

Пас аз натиҷагирии Ҷоми Осиё-2023 миёни наврасон дар Таиланд чаҳор тими беҳтарин соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон- 2023 дар Перу мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив