LIVE

“Реал Мадрид” ивазкунандаи Анчелоттиро пайдо кард

Ҳамлагари собиқи тими “Реал Мадрид” Раул Гонсалес, ки феълан сармураббии тими “Реал Кастиля”-ро бар ӯҳда дорад, метавонад пас аз рафтани Карло Анчелотти сармураббии тими аввал шавад.

Ба иттилои манбаъ, кори Раул ба ҳайси сармураббии тими «Реал Кастилия» таваҷҷуҳи дастаҳои Лигаи олии Олмон ва ҳамчунин «Реал Мадрид»-ро худ ҷалб кардааст. Раул як аз довталаби асосӣ барои ивази Анчелотти маҳсуб мешавад.

«Реал Мадрид» Раулро номзади асосӣ ба ҷои Анчелотти медонад. Инчунин қайд карда мешавад, ки Раул дастаи эҳтиётии «Реал Мадрид»-ро сарварӣ мекунад, роҳбарияти бошгоҳ барон назаранд, ки агар Анчелотти раҳбарии тими миллии Бразилияро ба дӯш бигирад он вақт раул кори уро дар даста идома хоҳад дод. 

Пас аз 25 даври чемпионати Испания «Реал» бо касби 56 имтиёз дар ҷадвали мусобиқоти қаҳрамонии Испания мақоми дувумро касб мекунад. Даста аз пешсаф «Барселона» 9 хол қафо мондааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив