LIVE

«Хуҷанд» ва “Ҳосилот” дар финали Ҷоми Лигаи Футболи Тоҷикистон-2023

Имрӯз, 12-уми март, бозиҳои гурӯҳии Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2023 ба анҷом расиданд. 

Тибқи низомномаи мусобиқа, ду даста аз сето зинаҳои аввали гурӯҳҳо бо нишондоди беҳтар дар финал бозӣ мекунанд. Дастаи сеюми зинаи аввал бо як даста аз сетои зинаҳои дуюм бо нишондоди беҳтар барои ишғоли зинаи сеюми мусобиқа вомехӯранд. 

Чун дар гурӯҳи “А” 4 даста асту, дар гурӯҳҳои “Б” ва “В” сетои, тибқи муқаррарот барои қиёси одилонаи гурӯҳҳо, дар гурӯҳи “А” зимни ҳисоб холҳои касбкарда муқобили дастаи охирини гурӯҳ ба инобат гирифта намешавад. 

Ҳамин тариқ, “Хуҷанд” бо 6 хол (мусовӣ муқобили “Куктош” ба ҳисоб гирифта намешавад) ва “Ҳосилот” бо 6 хол дар финал рақобат мекунанд. 

Ғолиби гурӯҳи “В” “Регар-ТадАЗ” бо беҳтарин даста миёни зинаҳои дуюм “Эсхата” (“Файзканд” бо 4 хол инчунин дар зинаи дуюм аст, аммо бозии даста зидди «Куктош», ки онҷо “Файзканд” се хол ба даст оварда буд, ҳисобида намешавад) барои ишғоли зинаи сеюм мубориза мебаранд. 

Бозиҳои ниҳоии мусобиқаи Ҷоми ЛФТ-2023 санаи 15-уми март соати 10:00  (бозӣ барои ҷои сеюм) ва 14:00 (финал) баргузор мегарданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив