LIVE

"Истаравшан" ғолиби Лигаи миллии футболи Тоҷикистон

Имрӯз дар шаҳри Гулистон бозиҳои ниҳоии мусобиқаи анъанавӣ барои дарёфти Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон баргузор гардиданд. Барои ишғоли зинаи сеюм бошгоҳи "Душанбе-83" бо ҳисоби 2:1 дастаи "Куктош" - ро мағлуб намуд. Рақобати финалии мусобиқа миёни тимҳои "Истаравшан" ва "КМВА" низ бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт. Агарчӣ дар мавсими гузашта артишиҳо ҷоизаро моли худ карда буданд, ин дафъа футболбозони дастаи Вазорати мудофиа унвони қаҳрамониро муҳофиза карда натавонистанд, иттилоъ медиҳад сомонаи расмии Лигаи футболи Тоҷикистон. Ҳамин тариқ дастаи "Истаравшан" зинаи аввал, "КМВА" – дуюм ва бошгоҳи "Душанбе-83" мақоми сеюмро ишғол карданд. Ёдрас мешавем, ки ҳадафи асосӣ аз баргузории Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон ин омодагии ҳамаҷонибаи дастаҳои футболи Лигаи олии кишвар ба мавсими нав мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив