LIVE

Месси бори аввал се мавсим паиҳам ба 1/4 ниҳоии ЛЧ роҳ наёфт

Ҳамлагари тими ПСЖ Лионел Месси барои аввалин бор дар корномаи худ дар се мавсим пайиҳам натавонист ба даври 1/4 финалии Лигаи Чемпионҳо роҳ ёбад.

Ёдовар мешавем, ки ПСЖ дар бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо аз тими “Бавария” бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.

Дар мавсими гузашта ПСЖ низ дар даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо "Реал Мадрид" шикаст хӯрда буд.

Дар мавсими солҳои 2020/2021 Месси дар ҳайати "Барселона" дар даври 1/8 финали Лигаи Чемпионҳо аз ПСЖ мағлуб шуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив