LIVE

Антирекорди дастаҳои испанӣ дар Лигаи Чемпионҳо

“Атлетико” дар бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо аз “Челси” бо ҳисоби 0-2 шикаст хӯрд ва аз мусобиқа хориҷ шуд. Дар ин марҳила “Барселона” аз “ПСЖ” мағлуб шуда буд.  “Севиля” бошад, натавонист “Боруссия”-и Дортмундро аз сари роҳи худ берун созад. Ҳаминтавр дар Лигаи Чемпионҳо танҳо як намояндаи Ла Лига,  “Реал Мадрид” боқӣ монд. “Реал Мадрид” баъд аз шикаст додани “Аталанта”   ба ин даври мусобиқа роҳхат гирифт.  Бори охир чунин ҳолат дар мавсими солҳои 2018/19 рух дода буд. Он замон “Барселона” ягона клуби испанӣ дар чорякфинал Лигаи Чемпионҳо маҳсуб мешуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив