LIVE

БОЗИИ РӮЗ: ТОҶИКИСТОН - КОРЕЯИ ҶАНУБӢ

ИМРӮЗ МУНТАХАБИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН (U-20) ДАР ҶОМИ ОСИЁ-2023 БО ДАСТАИ КОРЕЯИ ҶАНУБӢ БОЗӢ МЕКУНАД

Дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои то 20-сола, ки дар Ӯзбекистон ҷараён дорад, имрӯз, 8-уми март бозиҳои даври сеюми марҳилаи гурӯҳӣ дар чаҳоргонаи «С» баргузор мешаванд. 

Дастаи ҷавонони Тоҷикистон бо пешсафи гурӯҳ – тими Кореяи Ҷанубӣ, ки шаш имтиёз дорад, бозӣ мекунад. Ин рақобат дар варзишгоҳи «Бунёдкор»-и Тошканд соати 17:00 оғоз мешавад. Бозиро шабакаи «Варзиш» ба таври мустақим пахш месозад.

Дар бозии имрӯза ба ҷавононамон барору музаффарият таманно дорем!

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив