LIVE

“FORMULA55” САРПАРАСТИ РАСМИИ БОШГОҲИ ХУДЖАНД ДАР СОЛИ 2023 ГАРДИД

Клуби футболи «Хуҷанд» ва Аввалин ширкати миллии букмекерии «Формула55» шартномаи сарпарастиро то охири соли 2023 тамдид карданд.

Маросими имзои қарордоди сарпарастӣ, дар толори конфронсии “Касри Варзиш”-и шаҳри Хуҷанд бо ширкати намояндагони ВАО баргузор шуд.

Дар шартномаҳо директори иҷроияи бошгоҳи футболи «Хуҷанд» Муродҷон Умаров ва директори минтақавии нахустин ширкати миллии букмекерӣ «Формула55» Хушбахт Расулов имзои худро гузоштанд.

Зимни посух ба саволҳои васоити ахбори омма Муродҷон Умаров нақш ва  дастгирии бузурги “Формула 55" барои иштироки бошгоҳ дар мусобиқоти дохилӣ ва байналмилалӣ муҳим арзиёбӣ намуд.  

“Мо аз номи бошгоҳи футболи «Хуҷанд» ба Аввалин ширкати миллии букмекерӣ «Формула55» барои дастгирии ҳамаҷониба ва ҳамкори дуҷониба изҳори минатдорӣ баён мекунем”, гуфтааст - Муродҷон Умаров. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив