LIVE

«Реал» аз соли 1970 инҷониб дар бозиҳои хонагӣ «Барса»-ро дар Ҷоми Испания шикаст дода наметавонад

"Реал Мадрид" аз соли 1970 инҷониб дар бозии хонагӣ бар зидди "Барселона" дар Ҷоми Испания ғалаба карда наметавонад. 
Тибқи иттилои манбаъ, «Реал Мадрид» аз 11 бозии охир дар майдони худ танҳо дар бор ғалаба кардааст. Бори охир ин соли 1970 руй дода буд.

Ёдовар мешавем, ки 2-юми март дастаи «Реал Мадрид» дар бозии аввали ниманиҳоии Ҷоми Испания аз тими «Барселона» бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.

Бозии ҷавобии ниманиҳоии Ҷоми Испания 5-уми апрел дар варзишгоҳи Камп Ноу баргузор мешавад. "Барселона" рекорди аз ҳама бештар дар Ҷоми Испания мебошад.

Бошгоҳи каталонӣ 31 бор ин ҷомро ба даст овардааст. «Реал Мадрид» бошад, дар навбати худ, дар ин нишондод 19 маротиба соҳиби Ҷом шуда, дар зинаи сеюм қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив