LIVE

Карим Бензема бо Лионел Месси баробар шуд

Ҳамлагари дастаи “Реал Мадрид” - Карим Бензема рекорди Лионел Мессиро такрор кард.
Бензема дар бозӣ бо “Ливерпул” ду гол зад. Ҳамин тариқ, ҳамлагар тавонист мавсими 18-уми паиҳам дар Ҷоми мусобиқаи асосии Аврупо гол занад. 
Қаблан танҳо Месси ба чунин дастовард ноил шуда буд. Ҳарду футболбоз аз мавсими 2005/06 дар Лигаи Чемпионҳо гол задаанд.
Бозии ҷавобӣ 15 март дар варзишгоҳи Сантяго Бернабнеуи Мадрид баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив