LIVE

Амадони Камолов ба «Истиклол» баргашт

Капитани мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) Амадони Камолов пас аз таваққуфи дусола боз ба “Истиқлол”-и Душанбе баргашт.
«Истиқлол»-и Душанбе ба хотири таҳкими ҳайат бо нимҳимоятгари ҷавон Амадонӣ Камолов, ки қаблан дар бошгоҳи мо бозӣ мекард, шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Шартнома бо футболбоз ба муҳлати ду сол баста шуд. 
Амадони Камолов 16 январи соли 2003 ба дунё омада, дар хати нимҳимоя бозӣ мекунад. Қабл аз «Истиқлол» ӯ дар дастаи «Динамо» бозӣ карда, баъдан ба бошгоҳи «Райо Махадаонда»-и Испания гузашт, сипас дар тими «Паракуэллос Антамира» бозӣ кардааст. Ҷоизадри медали нуқраи  чемпионати Осиё дар ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-17). Ӯ дар ин рӯзҳо ҳамроҳ бо мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба қисми ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки авоили моҳи март дар Узбакистон баргузор мешавад, омодагӣ мегирад. Дар ҳайати тими миллӣ ҳафт бозӣ анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив