LIVE

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон (U-20) барои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023

ҲАЙАТИ ДАСТАИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН (U-20) БАРОИ МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ҶОМИ ОСИЁ-2023
Сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) Аҳлиддин Турдиев рӯйхати 23 бозигарро барои ширкат дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 14 то 18 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, тасдиқ кард.

Ҳайати даста аз 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 2 ҳамлагар иборат аст.

Дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «I» баромад мекунад. Ракибони дастаи мо тимҳои ҷавонони Сингапур (14 сентябр), Лубнон (16 сентябр) ва Камбоҷа (18 сентябр) мебошанд. Ҳама бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мегарданд.

Ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон, ки аз 1-ум то 18-уми марти соли оянда дар Ӯзбекистон доир мешавад, роҳ меёбанд.

Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) барои мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023:

Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров, Шаҳобиддин Маҳмудзода («Динамо», Душанбе), Суҳробхӯҷа Юсупов («Хуҷанд»);

Ҳимоятгарон: Меҳрубон Каримов («Динамо-Авто», Молдова), Меҳрубони Абдурауф, Раҳматшо Раҳматзода, Фахриддин Аҳтамов, Шаҳриёри Иноятулло, Содиқ Қурбонов, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов (ҳама аз «Динамо»-и Душанбе), Асадбек Зиёзода («Истаравшан»);

Нимҳимоятгарон: Амадонӣ Камолов («Паракуэллос Антамира», Испания), Алиҷони Айнӣ («Краснодар-2», Русия), Хусрав Тоиров («Атирау», Қазоқистон), Кабир Салимшоев («Динамо-Авто», Молдова), Азизбек Ҳаитов, Бежан Нишонбойзода, Абдулло Шарипов, Фатҳулло Олимзода (ҳама аз  «Динамо», Душанбе), Ҳамза Ахтамов («Истаравшан»), Салам Ашӯрмамадов (бидуни даста);

Ҳамлагарон: Абдулфаттоҳ Худойдодзода («Динамо», Беларус), Сунатулло Азизов («Динамо», Душанбе).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив