LIVE

Пагоҳ мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 (U-20) дар гурӯҳи «I» оғоз мешавад

Фардо, 14-уми сентябр дар шаҳри Душанбе мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола дар гурӯҳи «I»  оғоз мешавад. Дастаҳои ҷавонони Тоҷикистон, Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур барои роҳхатҳои қисми ниҳоии Ҷоми Осиё мубориза мебаранд.
Дар остонаи оғози марҳилаи интихобӣ имрӯз, 13-уми сентябр дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи машваратӣ  доир гардид, ки дар он масъалаҳои ташкилӣ ва нуктаҳои низомнома мавриди баррасӣ қарор гирифта, ранги либосҳои дастаҳои иштирокчӣ тасдиқ карда шуданд.
Пагоҳ, 14-уми сентябр тими ҷавонони мо бозии якуми худро дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 (U-20) дар гурӯҳи «I»  бо дастаи Сингапур барпо менамояд. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 20:00 оғоз мегардад. Даромад ба варзишгоҳ ройгон аст.
Қобили зикр аст, ки ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро мегирад, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 (U-20), ки аз 1-уми март то 18-уми марти соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
 
Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола
Гурӯҳи «I»
Иштирокчиён: ТОҶИКИСТОН, Камбоҷа, Лубнон, Сингапур.
 
Даври 1
14 сентябр (чоршанбе)
17:00 – Камбоҷа – Лубнон
20:00  ТОҶИКИСТОН – Сингапур
 
Даври 2
16 сентябр (ҷумъа)
17:00 – Сингапур – Камбоҷа
20:00 – Лубнон – ТОҶИКИСТОН
 
 Даври 3
18 сентябр (якшанбе)
17:00 – Лубнон – Сингапур
20:00 – ТОҶИКИСТОН – Камбоҷа
Эзоҳ:Ҳама бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.
 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив