LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт!

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «I» мақоми аввалро ишғол намуда, ба қисми ниҳоии мусобиқот, ки аз 1 то 18 марти соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, роҳ ёфт. 
Дастаи ҷавонони Тоҷикистон дар даври ниҳоии марҳилаи интихобӣ бар ҳамсолони худ аз Камбоҷа бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Голҳои Амадонӣ Камолов ва Бежан Нишонбойзода ба тими мо пирӯзии муҳим оварданд.
 
Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола
Гурӯҳи «I». Даври 3
ТОҶИКИСТОН – Камбоҷа – 2:1
Голҳо: Амадонӣ Камолов, 58 (1:0). Сокнет Хав, 64 (1:1). Бежан Нишонбойзода, 79 – аз пеналтӣ (2:1).
18 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 5000 тамошобин.
 
Лубнон – Сингапур – 6:1

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив