LIVE

"Ювентус" давраи мушкили худро сипарӣ мекунад

Танҳо ғалаба дар Лигаи Аврупо роҳи "Ювентус"-ро ба Лигаи Чемпионҳо ҳамвор мекунад.  Клуби туринӣ инро хуб медонад, вале дар ин мавсим дар Лигаи Аврупо  ягона топ клуб нест, ки бозӣ мекунад. Ба монанди туриниҳо барои ба даст овардани ин ҷоиза “Барселона”, “Арсенал” ва “МЮ” низ талош мекунанд. 
 Ҳоло барои расидан ба ин ҳадаф барвақт аст, «Юве» аввал бояд бо «Нант» рақобати арзанда намояд. Агар 15 холи онҳо гирифта намешуд, ҳоло дар Серия А дуюм даста буданд ва танҳо аз “Наполи” ақиб мемонданд. 
"Нант" феълан мақоми 13-уми чемпионати Фаронсаро ишғол мекунад. Ягона дастоварди ин тими фаронсавӣ муҳофизати қавӣ аст, ки дар бозиҳо голи кам сармедиҳад.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив