LIVE

11 ФУТБОЛБОЗИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАМА ДАВРУ ЗАМОН

Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (IFFHS) ҳайъати дастаи рамзии яккачини Тоҷикистон дар ҳама давру замонро тартиб додааст. Ба ин ҳайъат ягон нафар аз футболбозони даврони истиқлоли Тоҷикистон роҳ наёфтаанд ва аксарияти кулли онро футболбозони давраи тиллоии дастаи “Помир” (Душанбе), ки дар поёни солҳои 70 ва дар солҳои 80 ҳунарнамоӣ мекарданд, ташкил додаанд. Он даврон давраи авҷи шуҳрати футболи тоҷик ба шумор мерафт ва дастаи “Помир” баъди чандин соли талошҳо билохира ба лигаи олии чемпионати футболи СССР роҳ ёфту ду дастаи дигари Тоҷикистон: “Хуҷанд” ва “Вахш” бомуваффақият дар лигаи дуюми футболи Шӯравӣ қувваозмоӣ мекарданд.
Коршиносони Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол ин 11 футболбозро ба ҳайъати тими яккачини ҳама давру замони Тоҷикистон интихоб кардаанд:
Дарвозабон Валерий Саричев
Ҳимоятгари тарафи рост Ҳаким Фузайлов
Ҳимоятгари тарафи чап Алексей Чередник
Ҳимоятгари марказӣ Рашид Раҳимов
Ҳимоятгари марказӣ Леонид Кириленко
Нимҳимоятгари тарафи рост Александр Азимов
Нимҳимоятгари тарафи чап Эдгар Гесс
Нимҳимоятгари марказӣ Олег Ширинбеков
Нимҳимоятгари самти пеш Владимир Ғуломҳайдаров
Ҳамлагар Валерий Турсунов
Ҳамлагар Мӯҳсин Муҳаммадиев

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив