LIVE

«Регар-ТадАЗ», КМВА ва «Душанбе» пеш аз муҳлат ба қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ роҳ ёфтанд

Даври дуюми марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2023 дар минтақаи Душанбе ба анҷом расид. Аз рӯи натоиҷи он се даста – «Регар-ТадАЗ», КМВА ва «Душанбе» пеш аз муҳлат ба қисми ниҳоии мусобиқот роҳ ёфтанд.
Рӯзҳои 1 ва 2 феврал бозиҳои даври сеюми марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2023 дар минтақаи Душанбе баргузор мешаванд.
Қобили зикр аст, ки фонди ҷоизавии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон имсол 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғолиби мусобиқа ба ҷуз аз ҷом 50 000 сомонӣ мукофотпулӣ мегирад. Барандагони медалҳои нуқра бо 30 ҳазор сомонӣ ва соҳибони медалҳои биринҷӣ бо 20 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив