LIVE

Шикасти “Интер” дар хона аз "Эмполи"

Дар доираи бозиҳои даври 19-уми Чемпионати Италия бошгоҳи “Интер”  дар майдони худ дастаи "Эмполи"-ро қабул намуд. Ин дидор бо ҳисоби минималии 1 бар 0 ба суди меҳмонон хотима ёфт. Соҳибони майдон дар дақиқаи 40-ум 10 нафара бозиро идома доданд. Чунки муҳофизатгар Милан Шкриняр корти сурх гирифта, аз майдон берун карда шуд. Дар қисми дуюми вохӯрӣ бозигарони "Эмполи" дар идоракунии тӯб бештар фаъол шуданд. Ҳамин буд, ки дар дақиқаи 66-ум ба Томмасо Балдантзи муясар шуд, ки ба задани гол даст ёбад. "Эмполи" 25 хол ба даст оварда, ба ҷои 9-ум баромад. “Интер” бошад, бо 37 имтиёз дар зинаи 4-ум қарор дорад.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив