Дар бозии даври дуюми Серияи А, “Ювентус” аз “Эмполи” бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Ин аввалин бозии даста пас аз рафтани Криштиану Роналду ба “Манчестер Юнайтед” буд.
Голи ягонаро дар дақиқаи 21 -ум Леонардо Манкусо ба самар расонд.
"Ювентус" пас аз ду давр як имтиёз дорад. “Эмполи” як ғалаба ва як бохт дорад. Пешсафи ҷадвал “Лацио” ва “Интер” мебошад, ки ду пирӯзӣ ба даст овардаанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш "Манчестер Юнайтед" эълом дошт, ки Криштиану Роналду пас аз 11 сол ба даста баргаштааст.