LIVE

Карим Бензема аз рӯи шумораи голҳо ба зинаи 5-уми Ла Лига баромад

Ҳамлагари дастаи “Реал Мадрид” Карим Бензема шумораи голҳои худро дар Ла Лига бо собиқ ҳамлагари даста Раул баробар намуд. 
Ҳамлагари 35-солаи “Реал Мадрид” дар даври 18-уми ба дарвозаи “Атлетик” гол зад.

Ин голи 228-уми Карим дар Ла Лига аст. Тавре гуфта мешавад, Раул низ ҳамин миқдор голрро дар Чемпионати Испания задааст.
 
Беҳтарин нишонзанҳои Ла Лига Уго Санчес (234), Телмо Сарра (251), Роналду (311) ва Лионел Месси (472) мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив