LIVE

"Челси" 12-умин бозингари нави худро эълон кард

Дастаи "Челси" чорумин бозигарро дар ин равзанаи трансферии зимистона харидорӣ кард. Нони Мадуэкеи 20 сола чемпионати Ҳолландро ба Премйер Лигаи Англия иваз кард.
Тодд Боули аз замони ба "Челси" омадан тақриб ниммиллиард евро сарф кардааст. 
Бошгоҳи "Челси" дар саҳифаи расмии хеш аз гузариши нимҳимоятгари дастаи ПСВ Нони Мадуэке хабар дод.

Нони Мадуэке бозигари ҳайати ҷавонни тими милли Англия, яке аз боистеъдодтарин бозигари ҷавони Аврупо, бо бошгоҳи мо барои 7,5 соли оянда қарордод баст ва ҳамчунин имкони тамдиди яксоли дигар дар қарордод қайд гардидааст”, навиштааст бошгоҳи "Челси".

Маудэке дастпарвари бошгоҳи "Тоттенхэм" буда, соли 2018 ба чемпионати Ҳолланд рафт. Дар мавсими ҷории чемпионати Ҳолланд бозигари 20 сола дар 4 бозӣ иштирок карда, 1 гол ҳам задааст.

Маблағи гузаришии бозигар 40 млн евро гуфта мешавад. Мадуэке чорумин хаиди "Челси" дар ин равзани трансферии мебошад. Дар умум аз омадани роҳбаритяи нави даста 12 бозигар харида шуд, ки маблағии умумӣ харидҳо ниммиллиард евроро ташкил медиҳад.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив