«Арсенал»-и Лондон, ният дорад, ки гуфтушунидро оид ба тамдиди шартнома бо се бозигарони ҷавони даста оғоз намояд. Дар ин бора рузноманигор Фабритсио Романо хабар медидад.
Хабар дода мешавад, ки «Арсенал» ба зудӣ бо Букаё Сака, Габриэл Мартинелли ва Вилям Салиба шартномаи нав бастанист. Шартномаи ин бозигарон тобистони сол 2024 ба охир мерасад, аз ин ру, рохбарияти клуб мехохад, ки барои нигох доштани ин бозигарон пешакӣ тадбирҳо андешад.
Габриэл Мартинеллии 21-сола айни замон тибки маълумоти Transfermarkt € 60 миллион, Букайо Сака 90 миллион евро ва Вилям Салиба 50 миллион евро арзиш доранд.
“Арсенал” пас аз 14-тур бо 37 имтиоз дар Премйер Лига пешсаф буда, аз “Манчестер Сити” 5 хол пеш аст. Дар Лигаи Аврупо «Арсенал» дилпурона ба даври 1/4 финал баромад.
