LIVE

Месси дар тамринҳои дастааш барои финал иштирок надорад.

Бино ба гузориши Marca, ҳамлагари Аргентина - Лионел Месси дар тамрини даста бо ҳайати асосӣ ҳузур надорад. 
Ба иттилои манбаъ, ситораи асосии аргентиниҳо осеб надорад, аммо барои чӣ дар толори варзишӣ дар алоҳидагӣ машқ мекунад, маълум нест. 
 Нимҳимоятгарон Родриго Де Пол, Алексис МакАллистер ва дарвозабон Эмилиано Мартинес низ бо ҳамдастони худ дар ҳайати асосӣ тамрин накарданд.
 Нимҳимоятгар Анхел Ди Мария бошад, баъд аз муолиҷа, дигарбора ба гурӯҳи умумӣ баргашт.
Бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 миёни Аргентина - Фаронса 18-уми декабр дар варзишгоҳи Лусаил баргузор мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив