LIVE

Уругвай бар Гана ғалаба кард, аммо тарки мусобиқа намуд.

Дар варзишгоҳи “Эл Ҷануб” бозии даври 3-юми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии Қатар баргузор шуд. Рақибон дар гурӯҳи “H” тимҳои миллии Гана ва Уругвай буданд. Дар дакикаи 20-уми бозй Гана тавассути зарбаи 11-метра ба пеш баромада метавонист, аммо дарвозабон Серхио Рочет зарбаи Андре Айяро бартараф намуд.

Дар дакикаи 26-ум Хиорян де Аррассаета ба як ҳуҷми ҳамдастагонаш нуқта гузошт. Дар дақиқаи 32-юм ин бозингари тими миллии Уругвай ба задани гол даст ёфта, бо ҳисоби 2 бар 0 Ганаро мағлуб намуд.

Уругвай чаҳор хол ба даст овард, аммо натавонист ба марҳалаи плей-оффи ин мусобиқа роҳ ёбад. Куриёи Ҷанубӣ ҳамин миқдор хол дорад, аммо дар ин се бозӣ бештар гол задааст.

Аз гурӯҳи “H” милипӯшони Гана ва Уругвай тарки мусобиқа карданд. Корея ва Португалия бошад, рақобатҳои худро дар Қатар идома медиҳанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив