LIVE

Роналду дар Ҷоми Ҷаҳон низ рекордгузор шуд

Роналду аввалин футболбози таърих шуд, ки дар панҷ Ҷоми ҷаҳонии футбол гол зад.

Мунтахаби Португалия дар бозии даври 1-уми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 бар тими Гана бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд.

Дар дақиқаи 65-ум капитан ва ҳамлагари Португалия Криштиану Роналду ҳисобро боз кард.

Ҳамлагари 37-сола пеналтии ба даст овардаашро ба самар расонд. Баъди ҳашт дақиқа Гана голи ҷавобиро ба самар расонд, муаллифи он ҳамлагар Андре Айю буд.
Ҳамлагар португалӣ боз дар дақиқаи 78-ум ҳамлагар Жоао Феликсро ба майдон овард.

Пас аз ду дақиқа Рафаэл Лео, ки вориди майдон шуд, бартарии Португалияро афзоиш дод.
Дар дақиқаи 89-ум Гана тавонист як голро бозпас бигирад, ҳамлагар Усмон Букарӣ муаллифи он гардид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив