LIVE

Хавиро барои кор ба мунтахаби Бразилия даъват карданд. Вале ӯ рад кард

Хави гуфт, ки чаро дар тими миллии Бразилия кор накард.

«Ин имконият ба шарофати президенти Федератсияи футболи Бразилия Ржерио Кабокло даст дод. Онҳо ба Қатар омаданд ва мехостанд, ки ман дар ситоди мураббиёни Тите бошам.

Аммо ман мехостам сармураббӣ бошам, на ёвар. Ин як имконияти бузург хоҳад буд, ки он дар таърих сабт хоҳад шуд, ки аввалин аврупоие буд, ки бо тими миллии Бразилия кор мекунад. Аммо дар он лахза ин тавр нашуд.

Ман аниқ медонистам, ки мураббии "Барселона" шудан мехоҳам, ин орзуям буд ва ман дар ин ҷо ҳастам",-гуфт Хави.

Хави рад накард, ки дар оянда метавонад бо Бразилия ҳамкорӣ кунад.

"Мо ояндаро намедонем. Ин як имконияти таъсирбахш хоҳад буд, аммо ман мехостам бо "Барселона" кор кунам. Ман сахт меҳнат мекунам ва ҳеҷ чизро рад кардан мумкин нест”, - афзуд мураббии каталониҳо.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив