LIVE

Неймар дар ҶҶ-2022 дигар ширкат карда наметавонад?

24 ноябр дар Қатар бозии ниҳоии даври 1-уми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол баргузор шуд, ки дар он тими Бразилия бар Сербия бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамлагар Неймар аз пояш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар дақиқаи 79-уми вохӯрӣ майдонро тарк кард.

Вақти мушаххаси барқароршавӣ муайян нашудааст. Аммо, вақте ки бразилӣ дар курсӣ нишаст, рӯи худро бо пироҳанаш пӯшонд ва ҳамдастаҳо ӯро тасаллӣ медоданд. Баъдтар Винисиус гуфт, ки вазнинии ҷароҳати Неймарро намедонад, аммо изҳори умедворӣ кард, ки ӯ ба зудӣ метавонад ба майдон баргардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив