LIVE

Неймар гиря мекард...Ӯро бардошта бурданд...

Ҳамлагари “ПСЖ” Неймар  дар бозии    даври   14-уми Лигаи якуми  Фаронса  бо тими “Лион”  (1:0) ҷароҳат бардошт.  Дар   лаҳзаҳои охири вохӯрӣ    хавбеки  “Лион”  Тиаго Мендес   ба пойи Неймар  зад. Барои ин қоидавайронкунӣ довар  ба ӯ  сараввал    корти зард дод.   Неймар бо сабаби ҷароҳати буғуми пояш натавонист бозиро идома диҳад. Ӯ дар  майдон    ғелида, гиря мекард. Довар пас аз тамошои наворҳои такрорӣ қарори худро иваз карда,  Мендесро аз  бозӣ ронд. Неймар натавонист бо пойи худ  майдонро тарк кунад. Ӯро бардошта бурданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив