LIVE

Арзиши тими миллии Тоҷикистон 1 млну 370 ҳазор евро боло рафт

Тими миллии футболи Тоҷикистон пас аз мусовӣ бо тими Русия 1 миллиону 370 ҳазор евро гарон шуда, тими миллии Русия 26 миллиону 550 ҳазор евро арзон шуд.

Тибқи маълумоти охирини портали Transfermarkt, нархи тими миллии Тоҷикистон 1 миллиону 370 ҳазор евро боло рафтааст, ҳоло маблағи умумии тими миллии Тоҷикистон 6 миллиону 650 ҳазор евро арзёбӣ мешавад.

Дар ҷои аввал футболбози бошгоҳи ССКА-1948-и Булғористон Парвиз Умарбоев қарор дорад, ки маҳорати касбиаш ҳоло 750 ҳазор евро нархгузорӣ мешавад. Алишер Ҷалилов, футболбози АГМК-и Ӯзбекистон бо 700 ҳазор евро ҷойи дуюмро гирифт.

Ҷойи севум насиби футболбози «Сурхон»-и Ӯзбекистон Зоир Ҷӯрабоев - 500 ҳазор евро мебошад. Дар ҷои чаҳорум нимҳимоятгари тими “Зуб Оҳан”-и Эрон Эҳсони Панҷшанбе – 450 ҳазор евро қарор дорад. Дар ҷои панҷуми рӯйхат дарвозабони «Истиқлол» Рустам Ятимов (400 000) мавқеъ дорад.

Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона, ки рӯзи 17 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, бо тими миллии Русия мусовӣ кард. Вохӯрӣ бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт. Дар ин бозӣ 20 ҳазор тамошобин ширкат дошт.

Дастаи мунтахаби Русия пас аз сафари худ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки бо тимҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон мусовӣ 0:0 намуд, 26,55 миллион евроро аз даст дод. Пеш аз бозӣ дар Душанбе ва Тошканд маблағи умумии бозигарони тими миллии Русия 138 миллиону 800 ҳазор евро буд, ҳоло ба 112 миллиону 250 ҳазор евро баробар шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив