LIVE

Эҳсони Панҷшанбе легионери гаронарзиштарин дар "Зуб Оҳан" аст

Футболбози тоҷик Эҳсони Панҷшанбе гаронарзиштарин ва ягона легионери бошгоҳи наваш шуд.

Тибқи маълумоти Transfermarkt, Панҷшанбе 700 000 евро арзиш дорад. Бошгоҳи ӯ дар Лигаи бартари Эрон бозӣ мекунад ва тамоми ҳайати даста 5,45 миллион евро арзёбӣ мешавад.

Қиматтаринаш Эҳсони Панҷшанбеи тоҷик мебошад. Дар ҷойи дуюм – 450 ҳазор Баҳман Соларӣ ва дар зинаи сеюм Муҳаммади Хурайшӣ - 350 ҳазор қарор доранд.

Эҳсони Панҷшанбе дар ҳоли ҳозир ягона легионери "Зуб Оҳан" мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив