LIVE

Эҳсони Панҷшанбе тарки "Навбаҳор" кард

Футболбози мунтахаби Тоҷикистон ва дастаи "Навбаҳор"-и Ӯзбекистон Эҳсони Панҷшанбе фаъолияти футболбозишаро дар Лигаи бартари Эрон идома хоҳад дод. Аз рӯи иттилои расонаҳои кишвари ҳамсоя дастаи "Зуб Оҳан"-и Эрон Эҳсонро аз "Навбаҳор" бо маблағи 500 ҳазор эвро харидорӣ намудааст. "Зоб Оҳан"-и Исфаҳон дар мавсими гузашта дар чемпионати дохилӣ зинаи 8-умро касб намуда буд. "Навбаҳор" бошад, баъди 13 даври рақобатҳо дар Суперлигаи Ӯзбекистон садрнишин аст. Эҳсон 3-юмин футболбози тоҷике хоҳад шуд, ки дар Чемпионати Эрон бозӣ мекунад.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив